БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саъю талоши мардум барои ободонии маҳал ва оромии кишвар аст!

КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар филояти Хатлонро, ки соли 2018 Соли тақвияти робита бо маҳал эълон кардааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба барномаи ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос карда истодааст.

Бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғаффорзода Давлатҷон,  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара, корманди прокуратураи  ноҳия Азамов Фирдавс  ва кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён, инчунин бо иштироки мардуми деҳаи Рӯдакӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ оид ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавридӣ хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровар аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсадӣи ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия  бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои миллӣ ва дар ин замина  дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонаю ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл, вохӯрӣ гузарониданд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти  кишоварзони деҳа ба маърази тамошо гузота шуданд.

Мақсади баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои боз ҳам равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ  дар заминаи элон шудани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муттаҳид намудани мардум атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg