БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони маҳал

КӮЛОБ. Дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва созандаи Президенти мамлакат соҳаи сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадорӣ иқтисоди миллӣ аҳамияти тозаро касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат пайваста зиёд мегардад.

Ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд ва онро мардуми шаҳри Кӯлоб ҳаматарафа бо як дилгармӣ, хушнудӣ ва ҳамовозии том истиқбол намуданд. Албатта, дар доираи ин иқдоми наҷиб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари осоишта ва дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ  ба оламиён муаррифӣ мегардад.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал барои сохторҳои ҳизбии вилоят ва барои амалишавии ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри  Кӯлоб Мунаввараи Бозоровалӣ ва сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб Ҳакимова Фарзона аз намоиши ҳунарҳои дастии сокинон дидан карда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg