ЁВОН. Дирӯз дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯъи «Тафаккури наврасону ҷавононро аз ҳуҷуми гуруҳҳои экстремистиву террористӣ муҳофизат мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок ва бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво оид ба ин зуҳурот андешаронӣ намуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ибтидо то ба имрӯз зидди ин вабои аср муборизаҳои дастҷамъона намуда, дар ҳар як маҷлису вохӯриҳо ҷавонон, падару модарон ва омӯзгоронро аз хатарҳои ақидаҳои гуруҳҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз заҳролудшавии тафаккури наврасону ҷавонон ҳушдор медиҳанд.
Давоми шашмоҳаи соли равон тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар 97 деҳаву маҳаллаҳо ва зиёда аз 58 ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ба таври кушоду ошкоро суҳбату вохӯриҳоро доир намуданд, ки дар онҳо яке аз масъалаҳои асосӣ ин мубориза бар зидди ақидаҳои террористиву экстремистӣ буд.
Воқеан, гуруҳҳои террористӣ, аз қабили ТЭТ ҲНИ ва Гуруҳи 24 ҳадафи ноором кардани азои сиёсии ҷомеаро дошта, мехоҳанд мардумро гумроҳ сохта, дубора дар кишвар хунрезӣ ташкил кунанд.