БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари заҳмату талошҳои созанда ба хотири беҳбудии зиндагии сокинон

ДӮСТӢ. Бо мақсади муарифии ҳунарҳои шоистаи сокинони ноҳия дар доираи  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст имрӯз аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  занону духтарони деҳот сӯзаниҳои бо завқи баланд рӯи матоъ овардаи худро, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ресандагиву бофандагиро ба маърази намоиш гузоштанд.  

Маҳсулоти ба намоишгузоштаи занону духтарони  деҳот диққати тамошобинонро ба худ ҷалб сохта, бори дигар нишон дод, ки мардуми шарафманди ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи чунин намуди саънъат ба хуби мебароянд ва иброз намуданд, ки аз меҳнати ҳалоли худ, яъне истеҳсол намудани ашёҳои рӯзгор метавонем маҳсулоти худро ба фурӯш бароварда рӯзгори худу наздиконамонро ғанӣ мегардонем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg