ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабинии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаи Меҳробод 4-и ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар чорабинии мазкур корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоева Гулрухсор иштирок намуда, вобаста ба иқдоми навбатии Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Сокинони маҳал ҳама ҳунарҳои дастӣ ва дигар ёдгориҳое, ки аз гузаштагонашон ба меърос монда буданд ба хотири эҳёи дубораи онҳо ба номоиш гузоштанд. Зеро ҷавонони муосир аксарият аз моҳияту мафҳуми он нақшу нигораҳои миллӣ бехабар монда буданд.
Дар чорабинӣ занону модарон ва бонувони деҳот ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ баҳои баланд гирифтанд.