БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал мавриди дастгириву ҳамовозӣ қарор гирифт

ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ­ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташк­илотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли рав­он бо иштироки раи­си Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ­Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳ­избии "Роҳи нав-1"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод вохӯрӣ доир карда шуд. Масъулин дар вохӯрии ма­зкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолия­ти ҲХДТ, тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбати муфи­д анҷом доданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Маҳмадов Од­илҷон аз сокинони деҳа даъват ба амал ова­рд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғибот-амалии ҲХДТ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Ас­осгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милл­ат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал­ӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ­таввасути таъмиру тармими сохтмони муассис­аҳои таълимӣ, бунгоҳои тиббӣ, ҳаммом ва майдончаҳои варзишӣ саҳми арз­андаи худро гузоранд.
Дар вохӯрии мазкур, инчунин узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Камолов Сафаралӣ иш­тирок ва андешаронӣ намуда, сокинонро ба ободкориву созандагӣ даъват кард.

Сокинон аз аксияи мазкур дастгирӣ намуда, дар роҳи татбиқи он якҷоя бо сохторҳои ҳизбӣ камар бастаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg