БАЛҶУВОН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо сокинони деҳаи Турко суҳбат атрофи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҳизб ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумию татбиқи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби занону духтарони хонашин ба ҳунару ҳунармандӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонии гирду атрофи ташкилоту муассиса ва маҳали зисти худ, анҷоми корҳои хайру сахо суханронӣ намуда, сокинонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.
Сокинон аз ин вохӯрӣ рӯҳбаланд гардида, итминон доданд, ки дар ростои аксияи мазкур дар паҳлуи ҲХДТ истода, ҷиҳати ободонии хона ва деҳаву ноҳияи худ якҷоя саҳм мегузоранд.