БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ-омили беҳтар гардонии сатҳи зиндагии мардум

КӮЛОБ. Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди маҳаллаю деҳаҳо чорабиниҳои рангину ҷолиб баргузор намуда истодааст.Бо ин мақсад бо иштироки сокинони деҳа дар деҳаи Корези болои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳакимова Фарзона ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Аҳророва Дилафрӯз иштирок намуда, аз намоиши ҳунармандон дидан карданд.

Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар охир сокинон вобаста ба моҳияти эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg