ЁВОН. Дар деҳаи Ҳасании ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон ва дар доираи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва инчунин эълон гардидани Соли робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар воқеъ дар ҳар як маҳалла ва ё деҳае, ки чорабиниҳо роҳандозӣ карда мешаванд, занону бонувони ҳунарманд хушнудӣ намуда, эълон гардидани соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Зан-Модари тоҷик меҳисобанд.