БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба хотири ояндаи дурахшони миллати тоҷик

ВОСЕЪ. Чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бомаром идома ёфта истодаанд. Ин навбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар деҳаи Гулистон 1-и  ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки сокинони деҳа чорабинии фарҳангӣ  баргузор намуданд. 

Дар чорабинӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила иштирок  ва андешаронӣ карда,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маълумоти муфассал доданд.

Сокини деҳаи мазкур Сафарова Гуландом миннадории худро ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён карда қайд намуд, ки камина  ҳунари тоқибофӣ дорад,  тайи солҳои охир қариб, ки ин ҳунарро фаромӯш карда буд  ва бо  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боис шуд, ки то ҳунари бонуи ҳунарманд аз нав эҳё гардад ва ба ояндаи насли наврас ба меърос гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg