БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ дар баланд гаштани дониши ҳизбиён мусоидат намуд

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда, бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи №3" хониши сиёсӣ доир намуданд.

Масъулин дар назди ҳозирин вобаста ба мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, хабардор кардани аҳолӣ аз хатарҳои терроризму экстремизм, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суҳбат оростанд.

Боиси қайд аст, ки бо баргузории чунин хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сатҳи дониши сиёсӣ ва маънавии аҳли ҷомеа мустаҳакам гардида, нуфузу эътибори ҲХДТ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боло рафта истодааст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg