БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳо мехостанд Тоҷикистонро мисли Афғонистон ба майдони бозиҳои сиёсии абарқудратҳо табдил дода, аз бадбахтии мардум суд баранд

АНДЕША. Филми решаҳои ноаёнро тамошо карда нисбати наҳзатиёни террорист нафрати кас меояд. Бинед, ки ин наҳзатиҳо як бор соли 1992 мехостанд, ки ба зурӣ Ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистонро сарнагун сохта давлати исломӣ барпо намоянд. Бо ин мақсад гирдиҳамоиҳо ташкил карда, мардумро ба зидди ҳам шӯрониданд. Мақсади онҳо аз байн бурдани давлати Тоҷикистон буд. Онҳо зери ниқоби ислом мехостанд давлати бо ном исломие мисли ДИИШ-и имрӯза  созанд. Яъне он воқеаву ҳодисаҳое, ки дар Сурия шуд, бояд солҳои навадум дар Тоҷикистон рӯй медод. Мардумро ба куштору вайронкорӣ даъват карданд. Онҳо 160 000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатлу куштор карда, ҳоло ҳам аз хунхурӣ сер нашудаанд. Қариб 1 миллион одамон гуреза шуда ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанд. Чи қадар кўдакон ятим монданд. Киҳо буданд ин ватанфурушону одамкушони он давра – инҳо хоинони миллати тоҷик, зархаридони хориҷии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Ин хунрезиву ваҳшонияти солҳои 1992 барои мо мардуми тоҷик то абад басанда аст, лекин онҳо ҳоло ҳам дар фикри ғасби Ҳукумат буда, нияти куштори соли 1992-ро такрор кардан доранд.

Саид Қиёмиддин Ғозиев яке аз саркардагони гурӯҳҳои ифротӣ он солҳо мардумони соддаро ба қатлу куштор ва вайронкориҳо даъват мекард. Барои амалӣ шудани нияти бади худ ба давлатҳои арабӣ рафта маблағ ҷамъ карда, чи қадар вайронкориву харобиҳо оварданд. Наҳзатиҳои лаънатӣ мехостанд, ки кишвари мо мисли Афғонистон ба харобазор табдил дода шуда, ба як майдони бозии абарқудратҳо табдил ёбад ва онҳо аз ин бадбахтии мардум суд баранд. Соли 2015 сенарияи соли 1992 бояд аз нав ташкил карда мешуд. Ин маккорон мақсад доштанд, ки то соли 2020 Тоҷикистонро пароканда сохта, мардумашро ба зери султаи бегонагон баранд. Соли 2015 Ҳоҷи Ҳалим Назарзода аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро барои қатлу куштор тайёр кард ва дубора нияти ташкил кардани чунин нобасомониҳоро дошт.

Бадхоҳони миллати мо ҳанўз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллати, ки дар хориҷа қарор доранд бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурухтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд. Мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем, то морбаччаҳои наҳзатӣ бо фитнаву ҷодуи худ моро гирифтори доми худ накунанд.

Гадоӣ Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg