Маҷлиси васеъи ҳизбӣ масъалаҳои муҳимро баррасӣ кард

А.ҶОМӢ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  баргузор  гардид.

Дар кори маҷлиси мазкур аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва раисону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявии ҳизбӣ  иштирок доштанд.

Маҷлисро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадовуд Ҳалимов кушода, рӯзномаи маҷлисро ба аҳли нишаст шинос намуд.  

Масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҷамъбасти  фаъолияти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ва  ташкилотҳои  ибтидоии он  дар  нимсолаи  якуми    соли 2018, тасдиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимсолаи дуюми соли 2018 иборат буда,  он баррасию муҳокима карда шуда,  нисбати  ҳамаи масъалаҳои баррасишаванда  қарорҳои дахлдор қабул  намуданд.

Дар охири маҷлис А. Баҳодурзода ба сухан баромада бо таҳлилҳои мушаххас оид ба фаъолияти дохилиҳизбии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ , самарабахш намудани фаъолияти  ситодҳои доимоамалкунандаи гурӯҳҳои таблиғотӣ, асосан дар маҳаллаҳо, дар руҳияи илмомӯзиву ватанпарастӣ тарбия  намудани ҷавонон дастуру супоришҳои судманд дод.

               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg