БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - рушди ҳунарҳои мардумӣ ва хоҷагидорӣ дар маҳал ривоҷ меёбанд

ҶАЙҲУН. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор-2» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон ва дигар шахсони даъватӣ вохӯрӣ гузаронида шуд .

Дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши давриҳо ва дигар маҳсулотҳои омоданамудаи ҳунармандон, инчунин маҳсулоти дастранҷи деҳқонон, аз қабили тарбузу харбуза, ҳандалаю каду, помидору бодиринг, боимҷону қаланфури булғорӣ, ҷуворимакка, гандуму лӯбиёгӣ, себу шафтолу ва олу ба хотири руҳбаланд намудани ҳунармандону деҳқонони маҳаллаи Зарнисор-2 ба намоиш гузошта шуданд.

Сабурзода Насмим зимни баргузории вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда,  аз ҷумла иброз дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Дар ин росто мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ҷайҳун хусусан деҳқонони ноҳия ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, бо ҳамин роҳ бозорҳои дохилии ноҳия, ҷумҳурӣ ва ҳато берун аз ҷумҳуриро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин месозанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аҳли нишаст миннатдории хешро баён намуда, пешниҳод  намуданд, ки чунин чорабиниҳои рӯҳбаландкунанда дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор-2» пайваста доир карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg