Ҳизбиён дар мубориза бо коррупсия якдилу якмароманд

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нимаи дуюми соли 2018 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ  Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов дар ташкилоти ибтидоии  «Шуъбаи маориф»  вобаста ба дохилшавии довталабон ба Маркази миллии тестӣ ва муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимни баромад раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Алишер Исоев қайд кард, ки мо коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб мешиносем ва хатари онро ба амнияту истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром ҳастем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg