БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони маҳаллӣ касбу ҳунарҳои миллиро ривоҷ дода истодаанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи ба номи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти Калинини  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият бахшида истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg