БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арзанда” аз иҷроиши нақшаи обуна мужда дод

ПАНҶ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Арзанда»-и назди Идораи оби шаҳраки Панҷ   бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти комиҷроия Шомаҳмадзода Музаффар  ва дигар шахсони расмӣ вохӯрӣ доир гардид.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии «Арзанда» Асламов Асомиддин баромад намуда, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва самараи кору фаълияти онҳо дар байни мардум, муваффақияту камбудиҳо дар ин соҳа ва нақшаю вазифаҳои  дарпешистодаи кормандони Идораи оби шаҳраки Панҷ  муфассал гуфта гузашт.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон  зимни баромадаш   оид ба ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи ҲХДТ ва мавқеи ҳизб дар  ҷомеаи имрӯзаро қайд намуда, ҷавононро баҳри иҷрои вазифаҳои дар  пешистодаи Барномавии ҳизб таҳти шиори он  «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву  ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва  зиндагии шоистаи мардум!» даъват  намуд. Ҳамзамон, оид ба  роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию тундгаро  қайд карда шуд.

Дар охири чорабинии мазкур ба 4 нафар ҷавонони нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомилгардида  ботантана  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар Барои амалишавии ҳадафҳои Барномавии ҳизбв ва  сари вақт иҷро намудани нақшаи обуна ба 10 нусхаи ҳафтаномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» раиси ташкилоти ибтидоии «Арзанда» Асламов Асомиддин бо Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg