БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Левакант

ЛЕВАКАНТ. Дар шаҳри Левакант бо иштироки васеъи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони халқи шаҳр, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, пешгирӣ аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва ба амнияти кишвару аҳолии он хатарзо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳувияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ба коррупсия ҳамчун омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо низ маълумотҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg