КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои ҲХДТ бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд. Чунин вохӯрӣ дар деҳаи Рудакии ҷамоати шаҳраки Бохтариён гузаронида шуд.
Зимни сӯҳбат кормандон доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтхои афзалиятноки ҳизб, пешгири аз хатарҳои ҷаҳонӣ муосир, огоҳ намудани мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондeстию меҳанпарварӣ, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханрони намуданд.
Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар мавзeи “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад” ба ҳозирин расонида шуд.