КӮЛОБ. Мутобиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаи Панҷосиёби поёни ҷамоати деҳоти Зарбдор бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Зимни чорабинӣ занони деҳа маҳсули дастии худ ва ҳунармандон бошанд ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар ин фазои идона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул аз чорабинии мазкур дидан карда, барои гузаронидани чунин ҳамоиш аз ташкилкунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Мавсуф қайд кард, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.
Эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ аз як тараф истеъдоди баланди тоҷиконаро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, аз тарафи дигар барои паст кардани сатҳи бекорӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Дар охир гуфта шуд, ки яке аз дастгириҳои саривақтии Сарвари дилсӯзу ғамхори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шуд.