
ҚУБОДИЁН. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки аз Паём то Паёми Пешвои миллат дар ҳаёти гуногунҷабҳаи кишвари мо дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд ва айни замон низ мо дигаргуниҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоиро дар ҳаёти кишварамон мушоҳида карда истодаем.
Аз ин хотир гурӯҳи кории таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар деҳаи ба номи С. Худойқулови ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо мақсади ба сокинон расонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Артиши миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мулоқоти озодона доир намуданд.