ЁВОН. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азиз пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол ва давра ба давра дар ҳоли густариш ёфтан мебошад.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия давоми шашмоҳаи аввали соли равон миёни мардум оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ вохӯриҳо доир намуда, мардумро ба ободонию созандагӣ даъват намуданд. Чунин як чорабиниҳои фарҳангӣ дар назди деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” ва бо иштироки хурду калон, занону бонувони деҳаи мазкур баргузор гардид.
Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур, ки аслан дар ин деҳа мардуми ӯзбекзабон зиндагонӣ мекунанд, аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд. Ҳамчунин дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба марази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.