БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Гулафшони болои ҷамоати деҳоти Оқсу бо мақсади тақвият бахшидани робита бо маҳал хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад доир  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” андешаронӣ намуда, зикр кард, ки ҲХДТ ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвари иҷтимоӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як аъзои онро месазад, ки барои  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ саҳми муносиби хешро гузорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg