
ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар шуъбаи маорифи ноҳия хониши сиёсӣ доир намуданд.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо андешаронӣ карданд.
Дар рафти мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди хунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, сарфакоронаву сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва ҳар қатра обҳои поку мусаффои Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ ва риояи қонунҳои миллӣ, инчунин таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рущияи ифтихори миллӣ андешаронӣ намуд.