БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар амал

ВАХШ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро кормандони масъули ҳизбӣ дар ноҳия дар ҳар як вохӯриву мулоқотҳо  ба дарки ҷомеа расонида, мардумро ба  сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар маҳали зист  даъват мекунанд. Бо ин мақсад сокинони деҳаи Фидокори ҷамоати деҳои Тоҷикободи ноҳияи Вахш тасмим гирифтанд, ки як бинои дуошёнаи замонавӣ иборат аз 14 синфхонаро ба таври ҳашар то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода диҳанд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз рафти корҳои сохтмони бинои мазкур дидан намуда, бо аҳли деҳа суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg