
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кафолат»-и шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба хотири огоҳ кардани аҳолӣ ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мавзӯъи ин вохӯрӣ рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷиноят дар байни ноболиғон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иборатанд.
Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан атрофи муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз гурӯҳои ифротӣ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд, донишу малакаи хуби онҳост.
Инчунин қайд намуд, ки ҷавонони ноогоҳе, ки ба ҳаргуна гурӯҳҳои тунгаро шомил мешаванд, бояд пеши роҳи онҳоро гирем ва диққати онҳоро бештар ба донишгоҳу китобхонаҳо ҷалб намоем.