БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро ҳамчун Соли тақвияти робита бо маҳал эълон кардааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро бо барнома ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.

Бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Аанзурат ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод”-и  ҷамоати деҳоти Узун чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа ва масъалаи умумиҷаҳонии Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg