БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нигаронии ҷомеа аз терроризму экстремизм ва муборизаи беамон бар зидди ин падидаҳои манфии ҷомеа

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд. Чунин вохӯрӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Сари Ҳавзи  ҷамоати шаҳраки Бохтариён  гузаронида шуд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ кормандон доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ,  пешгирӣ аз хатарҳои муосири  ҷаҳонӣ,  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавии  таърихи  миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани кормандон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқотҳо  бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”  аз 12 май соли 2018 ба ҳозирин расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg