БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ-омили рушди дониши сиёсии кормандон

ДАНҒАРА. Баланд бардоштани донишҳои сиёсии шаҳрвандон ва ба ҳамин васила таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади тақвият бахшидани робита бо маҳал вататбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҷалби кормандон ва масъулини ҳизбӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад доир карда шуд.

Мавсуф дар назди ҷамъомадагон оид ба  тарғиби тарзи ҳаёӣти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои  мардумӣ аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар байни занону бонувон, пешгирӣ аз хурофоту худнамоӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ, ҷалби онҳо ба сафи Артиши миллӣ,  пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ, муковимат бо коррупсия, бори дигар огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  мавриди баррасӣ қарор дода, аз онҳо ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg