БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳё намудани ҳунарҳои гузаштагон вазифаи мо имрӯзиён аст!

ЁВОН. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон, дар доираи Аксияи ҳизбӣ ва эълон гардидани Соли робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Чойхона” баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии “Чойхона” дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи Навобод ташкил гардида буд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қаландаров Раҳмат, ки ба синни 101 солагӣ расидааст, иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg