БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бонкдорон дар аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!” иштирок карда, дар рушду ободии Ватан саҳм мегузоранд!

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Зимнан Абдуллоева Шоира  дар назди ҷамъомадагон атрофи нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок дар семинар-машварати  кишоварзони вилояти Хатлон,  эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда,  иштирокдоронро барои пайгирӣ аз Аксияи ҳизбии таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!”, ки дар он  самтҳои асосӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ва зиндагии шоистаи мардум инъикос ёфтаанд,  раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg