БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Густариши робитаи ҲХДТ бо маҳал ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ

ҶАЙҲУН. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор-1»-и Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аҳолии маҳаллаи Зарнисор-2 шаркат варзида, вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши маҳсулотҳои омоданамудаи ҳунармандон, инчунин тарзи дуруст омода намудани хӯроки миллӣ оши бурида ба хотири руҳбаланд намудани сокинон ба намоиш гузошта шуд.

Сабурзода Насми зимни баргузории вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардид. Мақсади пешниҳоди Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg