БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз ҳиллаву найрангҳои навбатии ТЭТ ҲНИ огоҳ буда, нисбати наҳзатиҳои лаънатӣ нафрат доранд

ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии «Қизилқалъа» Исоев Наҷмиддин хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Саидзода Раҳмон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, табияи ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар  хона ва ҷалби  сокинон ба ҳунарҳои мардумӣ, огоҳонидани  мардум аз ҳиллаву найрангҳои навбатии   ташкилотҳои  террористиву экстремистӣ  суханронӣ намуда,  онҳоро барои  аз даст надодани  зиракии сиёсӣ ва иҷрои  дастуру супоришҳои  ватандӯстонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ роҳнамоӣ кард.

Дар охир иштирокчиёни ҷамъомад миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва пешравию шукуфоии Ҷумҳурии азизамон баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg