БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар зар асту ҳунарманд соҳиби зар

ХОВАЛИНГ. Мардуми мо аслан ҳунарманду ҳунаромӯзанд. Кам касоне ёфт мешавад, ки ҳунареро дар худ надошта бошад. Вақте ки дар оила фарзанд ба дунё меояд, падару модар бо як орзую ҳавас дар оянда кӣ ва чӣ ва бо кадом касб машғул шудани ӯро пешгӯӣ менамоянд. Агар фарзанд духтар бошад, модар кӯшиш менамояд, ки ба ӯ пеш аз ҳама ҳунари дӯзандагию пазандагиро омӯзонад. Ҳамин аст, ки аксар духтарони тоҷик дӯзанда ва пазандаи хубанд.  Ба  иборае аз панҷ панҷашон ҳунар мерезад. Дигар омиле, ки ба рушди ҳунармандӣ мусоидат менамояд, панду андарзи бузургон аст, ки дар ҳар эҷоди адибони гузашта ва имрӯза зиёд ба чашм мерасад.

Барои шахси ҳунарманд, хоса занону бонувон коргоҳи махсус чандон зарурат надорад. Барои онҳо муҳим он аст, ки вақти холӣ аз кор ва ташвишҳои рӯзгор дошта бошанд. Ҳангоми ба деҳаҳо сафар намудан мо мебинем, ки модарон ҳангоми ба хонаи ҳамсоя рафтан ҳам дарзу дӯкашонро бо худ мебаранд , вақти холии худро беҳуда намегузаронанд.

Дар мамнуъгоҳи Мазори ҳазрати Султон бозорчае мавҷуд аст, ки дар он духтарони мактабро хатмкарда ба фурӯхтани ҳар гуна гиёҳҳои доруворӣ машғуланд.  Таваҷҷуҳи моро молу маҳсулоти ба савдогузоштаи онҳо не, балки шуғле, ки онҳо бо ҳавас иҷро менамуданд, ҷалб намуд. Онҳо аз риштаҳои ҳархела гулҳои рангоранг тайёр менамоянд,  ки сайёҳону зоирин  як донаи онро бо нархи муайян харидорӣ менамоянд.

Ҳангоми мулоқот аз онҳо дар бораи аҳамияти пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 пурсон шудем. Онҳо пешниҳоди мазкурро сари вақтӣ ҳисобида, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки минбаъд ба фаъолияти ҳунармандии онҳо ва дигарон касе халал намерасонад ва аз  маҳсули меҳнаташон ягон намуд андоз намесупоранд.

Бояд тазаккур дод,  ки пешниҳоди мазкур барои рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар ноҳия аз ҳар ҷиҳат мусоидат намудааст ва имрӯз занону бонувони диёр бошукургузорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg