БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Густариши фаъолияти ҳизб дар маҳал баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат

ПАНҶ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  робита бо маҳал  бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Панҷ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи занон ва ҷавонон Атавуллоева Зебинисо хониши сиёсӣ доир гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими рӯз  мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Масъулини Кумитаи иҷроия дар  баромадашон оиди самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки вазъи чаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, чунки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин замон хеле душвору пуртаззод аст. Вобаста ба таҳдидҳои асри нав терроризму экстремизм  қайд карда  шуд. Шабакаҳои иҷтимоӣ  ба як василаи хатарноки гумроҳ сохтан ва ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҷалб кардани ҷавонон гардидааст. Яъне, бо сабаби нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шуда, худ аз он бехабар ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар мегузоранд.

Баъдан, аз ҳар як нафар иштирокчии ин чорабинии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ  лозим аст, ки таблиғу  муарифии таъриху фарҳанги миллӣ, ҳамзамон таблиғи истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои  иҷтимоиро  миёни ҷавонон  ба роҳ монанд.

Дар охир, муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии Панҷ»  Давлатова Сайрона ба сухан баромада, оид ба  мақсаду мароми некбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карда, бо боварии комил баён намуд, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб  якдилона саҳмгузор мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg