НОРАК. Тибқи нақшаи бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ ҷавонон, аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро ба шаҳри Ҳисор бо мақсади ошно гардидан аз мавзеъҳои таърихии кишвар ба Қалъаи Ҳисор сафарбар шуданд.
Иштирокдорони ҷавнон, ки аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» буданд зимни боздиди аз Қалъаи Ҳисор ва Осорхонаи шаҳри Ҳисор аз таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва табиати биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол шинос шуданда аз ин сафар таассуроти нек бардоштанд.