БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмуну аксияҳои ҳизбӣ дар маҳал татбиқ гашта истодаанд

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ дар ташкилоти   ибтидоии  маҳаллаи  «Фирӯза»  вобаста  ба  амалӣ  гардонидани  ҷадвали   мувофиқашудаи ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони  «Эҳёи  ҳунарҳои  мардумӣ тақозои  замон аст!», баргузории  озмунҳои  «Беҳтарин  ҳунарҳои  мардумӣ»   ва «Маликаи  Хатлон» бо  иштироки  васеъи  ҷавонону  занон  ва   наврасони  маҳалла  баргузор  гардид. 

Раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   Алиева  Сураё дар  ҳамоиши ҳизбӣ иштирок дошта, қайд  намуд, ки  эълон  гардидани   соли  2018 ҳамчун  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ падидаи  накӯест дар  дунёи  ҳунар, ки  дар  кишвари  мо  ба  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ мусоидат  менамояд.

Насли  ҷавони  кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ имконоти воқеӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоем ва тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем.

Мақсад  аз  баргузории  ҳамоиши  мазкур    эҳёи  анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва  ба  ин  васила  паст  кардани  шиддати  бекориву камбизоатӣ, рушди  иқтисодиёти ҷоме  мебошад.

Дар  ҳамоиш  маҳсули  дасти  сокинони  маҳаллла,  аз   ҷумла  сохтани асбобоҳои  рӯзгор, ҳар  гуна  бозичаҳои  кӯдакона, нақши  мусавараҳо, гулдӯзӣ  ва  гилембофию  хӯрокҳои  миллӣ  ба  маърази  тамошо  гузошта  шуданд.       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg