БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ тақозои замон

МУЪМИНОБОД. Дар назди бинои ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинони кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар маҷлис аз ҷониби масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти Аксияи тарғиботии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»,  мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷомеаи кишвар,  иштирок дар семинар-машварати кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар саҳни бино намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки заҳмати  дастони занону бонувони  ҳунарманди кӯчаи номбурда ба  маърази ташо гузошта шуданд,  аз намоишгоҳи номбурда  масъулин дидан намуда, ба онҳо барои  рушд додани анъанаҳои неки гузаштагон ва омӯзонидани насли ҷавон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg