БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯшишу ғайратамонро ба ободии Ватан равона месозем!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «ЧДММ Сафарӣ»  бо кормандону аъзои ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Бобоҷонова Гулҷаҳон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Валиев Суҳроб иштирок намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба риояи қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зада,  иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ маслиҳатҳои судманд доданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg