БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳиссаи худро мегузорем

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб Обидов Аваз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки барои рушди сайёҳӣ ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароит муҳайё буда, дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдомҳои наҷиб амалӣ гардида, шароитҳои мусоид фароҳам шудаанд.

Бо дарназардошти он, ки аз ҷониби Пешвои миллат  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштааст ва ба ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ҳар як фарди ҷомеаро месазад, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва мусоидат ба самтҳои  гуногуни сайёҳии мамлакат талош намуда, дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg