БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён ҳаракатҳои тундраву иртиҷоиро маҳкум мекунанд!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи № 3” хониши сиёӣ дар мавзӯъҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим,  ва мубориза бар зидди ҳаракатҳои тундрав баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ф. Абдураҳимова доир ба истилоҳоти экстремизму терроризм ва  доир ба фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ маълумот дод.

Ӯ қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хавфи экстремизму терроризм  хусусияти ҷаҳони касб намуда, беш аз 500 ташкилотҳои экстремистиву террористӣ арзи ҳасти доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ карда шудааст.

Аммо чуноне, ки Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон да Паёми навбатии худ қайд намуданд “Мо бояд дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин мазҳаб ва миллат надорад.”

Бинобар ин ба иштирокчиёни хониши сиёсӣ таъкид карда шуд, ки дар пайравӣ ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, дар қалби онҳо суннатҳои қадимаи ниёгонамонро, аз қабили эҳтироми калонсолон, расонидани кӯмак ба дармондагон анҷом додани корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар ва бо ин усул пайдо намудани  дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷо дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg