БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии аҳли ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ

ВАХШ. Мувофиқи ҷадвали тасдикгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Негматов Азизулло ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҷалилов Исмоил дар деҳаи Инқилоби ҷамоати деҳоти Тоҷикобод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аҳли деҳа вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони Кумитаи иҷроия дар бораи талаботҳои Қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg