БОХТАР. Дирӯз дар шаҳри Бохтар вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаву маҳалла ва корхонаву муассисаҳо ва ҳамзамон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид .
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Таваккал, муовини аввали раиси шаҳри Бохтар Гуреззода Умед ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Раҳмонзода Абдулло оид вазифаҳои асосии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар марҳилаи навин, татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва нақши созандаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки аз тарафи ҲХДТ номзад шуда, дар асоси Барномаи созандаи ҳизб боварии мардумро сазовор гардидаанд, суханронӣ намуд.
Сипас, Наҷидуллоев Тавакал ба як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва раисони маҳалаҳо, ки саҳми хуби худро дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ гузоштаанд, изҳори минатдорӣ баён намуд.