БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти Каленини ноҳия доир гардид.

Масъулин оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти солимгардонии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ, мақсаду мароми ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он, дар ҳошияи баргузории  Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сафарбар кардани сокинон ба корҳои хайру сахо, ободонии маҳал, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби шахсони бекор ба ҳунарҳои мардумӣ, алалхусус ҷавонон ва омӯзиши онҳо ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва омӯзиши илмҳои муосир суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани  талаботҳои Аксияи  номбурда  раҳнамоӣ карданд.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg