ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Беморхонаи марказии ноҳия доир гардид, ки дар он зиёда аз 96 нафар кормандони соҳаи танадурустӣ иштирок намуданд.
Кормандони масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, расонидани кӯмакҳои тиббӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдаст, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъна ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», огоҳонидани мардум аз хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, риоя ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаронидани хатнаи навзодон дар муассисаҳои тиббӣ андешаронӣ намуданд.