БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи амалии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ омили иттиҳоди мардум

ПАНҶ. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миилӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ ҷиҳати эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи маънавии ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва пояҳои Ваҳдати миллӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки ҳунармандон ва сокинони маҳаллаи Зафари ҷамоати шаҳраки Панҷ дар маркази ноҳия чорабинии адабию фарҳангӣ дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид.

Нахуст ҳайати меҳмонон аз маҳсули меҳнати сокинон, аз зумраи чӯбтарошӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, намудҳои нону хӯрокҳои миллӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, ёдгориҳои таърихии маҳал аз асрҳои 18-19 ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба кори онҳо баҳои баланд доданд.

Сипас, раиси ҷамоати шаҳраки Панҷ Ҳусайнзода Ҷобир доир ба моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад.

Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзиев Каримҷон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, чунки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин замон хеле душвору пуртаззод аст.          

Вобаста ба таҳдидҳои технологияҳои нав, ҷанги сарди идеологӣ, терорризму экстремизм қайд шуд, ки яке аз ин таззодҳое, ки ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳҳои ифротгаро, терроризму экстремизм мебошад. Ҷавонони аз маърифат ва маълумоти динӣ дур буда, ба дасисаҳои иғвогаронаи  экстремистон дода шуда, ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванд. Бехабар аз он, ки ҳаёти худро зери хавфу хатар монда, ҳамзамон, шаъну шарафи оила, миллат, давлат ва дар маҷмӯъ обрӯи Тоҷикистонро паст мезананд.

Аз ин лиҳоз, вобаста ба ин масъала ҳар як шахси масъул ва фаъоли маҳалларо мебояд, ки дар ин раванд оид ба гаравидани ҷавонон чораҳои муассири пешгирикунандаро андешанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg