АНДЕША. Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, ҷавононро бовар кунониданӣ мешаванд, ки гӯё пуштибони асосии дин онҳо ҳастанду низоми давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Чунин гурӯҳҳои ифротӣ маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратовар ва гуруҳҳои террористиро биомӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амният дар хонадонашон ҳифз гардад. Ҳамаи мову шумо медонем, ки имрӯз бадхоҳони миллати мо дар шахсияти саркардагони ҲНИ тамоми қувва ва нерӯи худро баҳри бадном кардани миллати тоҷик ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардаанд. Кабирӣ хоҷагон ва пайравонаш мисли Даҷҷол дар пушти номи Ислом пинҳон шуда, худро ҳомии мусалмонон нишон дода, дар асл дар пайи гумроҳсозиву ба дӯзах табдил додани зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Хушбахтона, аксари мардум чеҳраҳои аслии онҳоро, ки бо дуруғу фитна пӯшида шудааст, ба хубӣ шинохтаанд ва онҳо ҳаргиз наметавонанд, ки ин миллати тамаддунофарро аз пушти худ ба он ғоре ки худ ғутиаанд бубаранд.
Магар ин ҲНИ набуд, ки ҷомеаро ба фанатизму радикализм овард?! Ин тоифаи даҷҷолсиратон мехоҳанд дини Исломро ҳамчун яроқи идеологӣ ба муқобили худи мусалмонон истифода баранд. Барои дарки ин паҳлуи масъала дониши амиқи дунявию динӣ, тафаккури солим ва ҳисси баланди меҳанпарастӣ лозим аст. Барои онҳое, ки Исломро ҳамчун силоҳи идеологие, ки баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи сиёсии худ истифода мебаранд, бояд ёдрас кард, ки чунин тоифа ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад.
Холов Диловар, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ