БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фирефтаи иғвоҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ намешавем!

ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси ташкилоти ибтидоии ба номи «С. Айнӣ» Каримов Ҳотам хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботии ҳизбӣ  таҳти  унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳдиду хатарҳои гуруҳҳои террористиву экстремисти ба амнияти мо ва ҷаҳон хатарзоро муҳокима карда ва оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Дар охири хониши сиёсӣ иштирокчиёни ҷамъомад ба сухан баромада, дар радифи суханрониҳо миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва пешравию шукуфоии Ҷумҳурии азизамон баён намуданд.            

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg