БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ХОВАЛИНГ.  Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯрию мулоқот дар маҳаллаҳои аҳолинишин дар маҳаллаи Обшорони ҷамоати деҳоти Ховалинг бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар мутахассисони соҳа дар байни бошандагони маҳал атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбати муфид доир карда шуд. 

Дар назди ҷамъомадагон раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дарноҳия С. Халилов баромад намуда атрофи вазифаҳои шаҳрвандон дар амри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, пешгирии терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти хатарзо,  паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, роҳҳои аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳозирин маълумот дод.

Ҳамчунин сокинон дар ҷамъомад баромади сардори шабакаҳои барқи ноҳия С. Судуровро дар мавзӯъи сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ ва пардохти маблағи барқи истифодашуда як роҳи асосии расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баромади сардори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим А. Қодировро оид ба «Роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» - ро бомароқ шуниданд.

Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳозирин ҷолиб ва диданӣ буд.

Дар вақти гузаронидани ин чорабинӣ маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ,ки дар маҳалла зиндагӣ ва кор мекунанд, ба дигарон муаррифӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg