ФАРХОР.Дар робита ба иҷрои ҷадвали баргузориии соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Фархор дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи 3»-и ҷамоати шаҳраки Фархор роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ боиштироккормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар, Раҳмонов Далерчорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ бо ҳиссагузории раиси Кумитаи маҳалла Раҳмон Ҳасанов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи 3»- Шаҳрӣ Файзова ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Ҳакимова Давлатбӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Сокинони маҳалла анъанаҳои гуногуни ниёгонро, ки маҳсули дастони хешанд, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, широздӯзӣ, бофандагӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ ва сохтани лухтаку бозичаҳороба маърази тамошо гузоштанд, ки диққатҷалбкунанда буд.